Тозанашр
БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ЗАБОНИИ АСАРҲОИ «АСРОР» ВА «ФАРЗАНДИ ҲУКУМАТ»-И ЃАФФОР МИРЗО (ТАҲҚИҚИ МАТНШИНОСӢ)
МУАЛЛИФ: Раҳмонова Гулдона Соҳибназаровна, докторант (PhD)-и кафедраи адабиёти тоҷик Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (Тоҷикистон, Кӯлоб)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Маќола ба баррасии баъзе вижагиҳои забонии «Асрор» ва «Фарзанди њукумат»-и Ѓаффор Мирзо бахшида шудааст.Таъкид мешавад, ки дар адабиёти давраи нави тољик љанбањои гуногуни осори бадеї барои тањќиќу баррасї ниёз дорад. Яке аз ин самтҳо пажуњиши матншиносии асар мебошад.Адиби муосири тоҷик Ѓаффор Мирзо чун дигар адибони серталабу нављў аксар асарњояшро дар њолати аввала боқӣ намонда, онҳоро тањриру такмил додааст. Қайд мешавад, ки достони “Асрор”, ки ќадамњои нахустини Ѓаффор Мирзо дар навиштани асарњои калонњаљм мањсуб меёфт, баъди нашр аз љониби адиб тањриру такмил дода шуда, ба дараљаи романи манзум расидааст. Нишон дода шудааст, ки романи манзуми “Фарзанди њукумат” дар асоси такмилу таѓйири достони “Асрор” таълиф гардида, аз мањорати баланди эљодии адиб дарак медињад. Муаллиф дар асоси муќоисаи матнњо равшан намудааст, ки дар баробари такмили сохторї ва мундариљавии асар, масъалаи забонии онҳо низ тањриру такмил дода шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Ѓаффор Мирзо, “Асрор”, “Фарзанди њукумат”, матншиносї, асари бадеї, забон, таркиби луѓавї, матн, тањриру такмил