Тозанашр
РУШДИ БОСУРЪАТИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (СОЛҲОИ 2016 – 2023)
МУАЛЛИФ: Абдуҳакимова Мунзифа Соҳибовна, унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБҲСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масъалаи рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2016-2023 мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Қайд мешавад, ки яке аз муваффақиятҳои бузурги ин давра ба кор андохтани ду чарха(агрегат)-и НБО Роғун мебошад. Тазаккур мешавад, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи энергетика объектҳои хурду миёна низ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин дар ҳафт соли охир таҷдиду азнавзсозии НБО ба он мусоидат намуд, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат зиёд гардад. Ҳамчунин зикр мешавад, ки дар ҷодаи таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ масъалаҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд, ки мутахассиони соҳа шабонарӯзӣ барои бартараф кардани онҳо кӯшиш намуда истодаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
энергетика, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қувваи барқ, НБО, сиёсати давлатӣ, иқтисодиёт, саноат