ПРИНСИПҲО ВА ШАРТҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ КЛАСТЕРҲОИ САЙЁҲӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (31.Мӯҳсинова П.А., Ишонова С.С.,Ҳайдарова М.Т..pdf)31.Мӯҳсинова П.А., Ишонова С.С.,Ҳайдарова М.Т.ПРИНСИПҲО ВА ШАРТҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ КЛАСТЕРҲОИ САЙЁҲӢ 8

 

МУАЛЛИФ:Муҳсинова Парвина Абдулқосимовна, н.и.и, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ; Ишонова Сайёра Султоновна, н.и.и, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ; Ҳайдарова Мавзунаҷон Тӯйчибоевна, магистранти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки таҳлили назариявии таърифи истилоҳи “кластер”-ро пешниҳод кунад, аз ҷумла ақидаҳои олимони рус В.И. Кружалин, А.И. Тарасенок, И.А. Сусловаро оид ба ин мафҳум барраси карда, ба чунин хулоса омадаанд, ки кластери сайёҳӣ субъекти мустақили хоҷагидории байнисоҳавӣ буда, як қатор корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад. Вазифаи асосии ҳамаи ин корхонаҳо қонеъ гардонидани тамоми маҷмааи талаботи сайёҳӣ мебошад. Мақсади ташаккули кластери сайёҳӣ оптимизатсияи чунин падида, ба монанди устувории иқтисодии минтақа мебошад. Таъсири синергетикие, ки тавассути кластер ба вуҷуд омадааст, имкон медиҳад, ки инфрасохтор бомуваффақият рушд карда, самаранокии фаъолияти субъектҳои ба кластер дохилшуда зиёд карда шавад. Кластерсозӣ инноватсияро ҳавасманд мекунад, имкон медиҳад, ки соҳаҳои нав дар тиҷорати сайёҳӣ инкишоф дода шавад. Аз ҷумла муаллифон қайд кардаанд, ки ташкилаи кластерӣ метавонад ба ҳалли як қатор мушкилоту вазифаҳо, аз қабили истифодаи оқилонаи иқтидори табиии минтақа, рушди сайёҳии дохилӣ, ташкили маҷмааи сайёҳии минтақавӣ ва рақобатпазир, намоиши мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат намояд, ки минтақа, ташкили низоми танзими давлатии сайёҳӣ, дастгирии соҳибкории миёна ва хурд, ки дар соҳаи сайёҳӣ амал мекунанд. Инчунин нақши кластерҳо ҳамчун омили муҳими рақобатпазирӣ ва шартҳои риояшавандае, ки барои қобили ҳаёт будани кластер таъсир мерасонанд баррасӣ шудаанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сайёҳӣ, кластер, рушди иқтисодӣ, минтақа, иқтисод