Тозанашр
УСУЛҲОИ АРЗЁБӢ ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ БОЗОРИ МАНЗИЛ
МУАЛЛИФ: Абдуллоева Гулноза Абдуҷаборовна, сардори раёсати таълими Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола рушд ва асосноккунии усулҳои арзёбии манзил чун шарти ташаккули бозори манзил баррасӣ гардидааст. Принсипҳои арзёбии манзил ва моҳияти он коркард ва тасниф карда шудаанд. Моделҳои арзёбии асоснокшуда сохтори талабот ва пешниҳодотро, ки ба гурӯҳҳои объектҳо хос мебошанд, инъикос мекунанд. Марҳилаҳои раванди арзёбӣ ва вазифаҳои он муайян гардидаанд. Барои гузаронидани таҳлили сифати манзил аз рӯи омилҳо ва сатҳи таъсири онҳо таснифи омилҳо ва сатҳҳои арзёбии манзил пешниҳод шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
талабот ва пешниҳодот, арзёбии манзил, амволи ғайриманқул, таҳлили бозори манзил, арзёбии оммавӣ, ташаккули бозори манзил, модел