ИҚТИДОРИ МЕҲНАТИИ МИНТАҚА: АСОСҲОИ КОНСЕПТУАЛИИ ТАДҚИҚОТ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (26.Пӯлодова Х.Ш., Бадалова Ҷ.Ҷ..pdf)26.Пӯлодова Х.Ш., Бадалова Ҷ.Ҷ.ИҚТИДОРИ МЕҲНАТИИ МИНТАҚА: АСОСҲОИ КОНСЕПТУАЛИИ ТАДҚИҚОТ12

 

МУАЛЛИФ: Пӯлодова Хуршеда Шарифҷоновна, дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг; Бадалов Ҷурабой Ҷумабойевич, муаллими кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола равишҳои муайянкунандаи моҳиятии мафҳумҳои “иқтидори меҳнатӣ, “иқтидори меҳнатии минтақа” мавриди тадқиқ қарор дода шудааст. Мазмуни нави ин мафҳумҳо ошкор сохта шудааст, низоми таъсири омилӣ ба самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ чун шарти базавии такрористеҳсоли босифати онҳо тавсиф гардидааст, ки дар методологияи таҳлил, дурнамо, банақшагирии рушди бозори меҳнатии минтақа инъикос меёбад. Ғайр аз ин равишҳо ба фаҳмиши консепсияи ташаккули иқтидори меҳнатии минтақа дар шароити Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Тадқиқот собит сохт, ки дарки мазмуни суъект ва омилҳои раванд шартҳои зарурии ташаккули сифати иқтидори меҳнатии минтақа мебошанд. Зикр шудааст, ки шарти зарурии ташаккули иқтидори меҳнатӣ фароҳам овардани фазои муътадили истифодаи он ба ҳисоб меравад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

захираи меҳнатӣ, бозори меҳнат, иқтидори меҳнат, иқтидори меҳнатии минтақа, сиёсати кадрӣ,низоми институсионалӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, нерӯи инсонӣ