РАВАНДИ ТАШАККУЛИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА: ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (24.Дадоҷонова З.И..pdf)24.Дадоҷонова З.И.РАВАНДИ ТАШАККУЛИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА: ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВӢ13

 

МУАЛЛИФ: Дадоҷонова Зебоҷон Илҳомҷоновна, ассистенти кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва менеҷменти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад.М.С. Осимӣ (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии рушди сохторҳои инноватсионии минтақавӣ бахшида шудааст, ки яке аз вазифаҳои асосии минтақаи муосир мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти доимӣ дар иқтисодиёт таъсиси сохторҳои инноватсионии устувор ва рақобатпазир зарур аст. Дар мақола моҳият ва мундариҷаи ташаккули зернизоми инноватсионии минтақавӣ, инчунин марҳилаҳо ва унсурҳои асосии ин раванд оварда шудааст. Муаллиф ҷанбаҳои асосии ташаккул ва рушди зернизоми инноватсиониро дар сатҳи минтақавӣ таҳлил кардааст. Дар мақола шарҳи равишҳои назариявии муосир барои муайян кардани мафҳуми «зернизоми инноватсионии минтақавӣ» зикр гардида, унсурҳои асосие, ки ба ташаккули он таъсир мерасонанд, муайян карда шудаанд. Нақши идоракунии давлатӣ ва механизмҳои танзим дар раванди ташаккули зернизоми инноватсионӣ низ баррасӣ шудааст. Таҷрибаи минтақаҳои гуногуни хориҷӣ таҳлил ва барои таҳияи стратегияҳои муассири ташаккул ва рушди зернизоми инноватсионӣ дар сатҳи минтақавӣ тавсия ва пешниҳод карда шудааст. Яке аз самтҳои рушди иқтисодиёт дар стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам баррасӣ шудааст. Барои муайян кардани мундариҷаи зернизоми инноватсионии минтақавӣ, баррасии васеи адабиёт гузаронида шуд, ки дар он кӯшиши мушаххас кардани истилоҳ сурат гирифта аст. Мафҳуми зернизоми инноватсионии минтақавӣ таҳия ва мазмуни унсурҳои он ошкор карда шудааст. Дар мақола аҳаммияти ташаккули зернизоми инноватсионии минтақавӣ барои рушди устувори таъкид шудааст. Муайян карда шуд, ки ташаккули бомуваффақияти зернизоми инноватсионӣ ҳамкории сохторҳои давлатӣ, бахши соҳибкорӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, инчунин дастгирии инноватсионӣ ва соҳибкориро дар минтақа тақозо мекунад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

унсурҳо, низом, зернизом, минтақа, инноватсия, равандҳо, модел, мураккабӣ, рушди инноватсионии минтақа, корхонаҳо, иқтисодиёт, иқтидор, субъектҳо