ТАРКИБИ РАДИОНУКЛИДӢ ВА ТАСНИФОТИ ГИДРОГЕОХИМИЯВӢ ПАРТОВҲОИ РАДИАКТИВӢ ИСТЕҲСОЛОТИ УРАНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (22.тиллобоев Х.И..pdf)22.тиллобоев Х.И.ТАРКИБИ РАДИОНУКЛИДӢ ВА ТАСНИФОТИ ГИДРОГЕОХИМИЯВӢ ПАРТОВҲОИ РАДИАКТИВӢ ИСТЕҲСОЛОТИ УРАНӢ12

 

МУАЛЛИФ: Тиллобоев Хакимчон Ибрагимович, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва амалии МДТ “ ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола натиҷаҳои арзёбии таркиби радионуклиди партовҳои истеҳсоли уран ва ифлосшавии обҳои зеризаминӣ дар шабакаи гидрографӣ баррасӣ мешавад. Омилҳои асосии ифлосшавии минтақаи наздиктарини партовгоҳҳо омӯхта шуда, зери таъсири омилҳои метеорологии паҳншавии газҳои радиоактивӣ, чанг, аэрозолҳо, ба обҳои зеризаминӣ ворид шудани радионуклидҳо мушоҳида карда шуд. Кӯчиши радионуклидҳо ва партовҳо дар натиҷаи эрозияи шамол ва интиқоли микрозаррачаҳои аэрозолҳои ҳаво ба амал меояд. Партовҳои собиқ корхонаҳои истихроҷи уран, хусусан корхонаҳои рӯйпӯш нагардида, манбаи ифлосшавии радиатсионӣ дар ҳудуди ҳамшафат ва объектҳои обӣ мебошанд. Ҳаракати радионуклидхо ба сатҳи замин ба масофахои зиёд, ифлос гардидани минтакаҳои назиктарин дар натиҷаи боришҳо ба обҳои зеризаминӣ ба амал меояд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

радионуклидҳо, металлҳои вазнин, ифлосшавӣ, фаъолият, изотопҳо, радиометрия, намуна, обҳои зеризаминӣ, консентратсия