Тозанашр
ТАЪСИРИ МОДДАҲОИ ФАЪОЛИ САТҲӢ БА ПАСТ НАМУДАНИ ТАЛАФОТИ КАРБОГИДРОГЕНҲОИ САБУК ҲАНГОМИ НИГОҲДОРИИ ОН
МУАЛЛИФ: Азизов Рустам Очилдиевич, д.и.т., проф., академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Розиқов Зафар Абдуқахорович, д.и.т. проф., академики Академияи байналмиллалии муҳандисӣ, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, (Тоҷикистон, Бӯстон),Почоев Анушервон Абдукосимович, муаллими калони кафедраи геология ва корҳои натфу гази, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон;
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола шарҳи тадқиқотҳо дар бораи таҳлили таъсири моддаҳои фаъоли сатҳӣ (МФС) ба механизми буҳоршавии нафт ҳангоми нигоҳдории он оварда шудааст. Аҳаммияти ин мавзӯъ бо талафоти зиеди карбогидрогенҳо дар раванди нигоҳдорӣ вобаста аст, ки ба талафоти иқтисодӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист оварда мерасонад. Мақсади тадқиқот ошкор кардани МФС-и босамар мебошад, ки метавонанд шиддати бухоршавии карбогидрогенҳоро коҳиш диҳанд. Таъсири моддаҳои фаъоли сатҳӣ бо илова кардани миқдори муайяни намакҳои калий ба кислотаҳои равғании синтетикӣ (КРС) ба фишори буғҳои сершудаи нафт омӯхта шудааст. Дар мақола инчунин дар бораи хосиятҳои асосӣ ва механизми амалии МФС маълумот оварда шудааст. Дар ҷараени озмоиш таҳлилҳо бо намудҳои гуногуни МФС, аз ҷумла моддаҳои анионӣ, катионӣ ва ғайриионогенӣ гузаронида шуданд. Тадқиқот дар он шароитҳо гузаронида шуд, ки шароити воқеии нигоҳдории зарфҳоро дар ҳарорат ва намии гуногун тақлид мекунад. Тибқи натиҷаҳои тадқиқот, консентратсияи оптималии намаки калий КРС барои кам кардани фишори буғҳои сершудаи нафт пешниҳод карда шуд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
моддаҳои фаъоли сатҳӣ (МФС), намаки калий, нафт, буҳоршавӣ, консентратсия