ТАСНИФИ БЕМОРИҲОИ ЗАНБӮРИ АСАЛ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (16.Саидзода И.М..pdf)16.Саидзода И.М.ТАСНИФИ БЕМОРИҲОИ ЗАНБӮРИ АСАЛ13

 

МУАЛЛИФ: Саидзода Исроил Махмад, н.и.тех. мудири кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи таҳқиқ ва таҳлили бемориҳои занбӯри асал бахшида шудааст. Дар мақола намудҳои гуногуни бемориҳое, ки ба фаъолияти оилаи занбӯри асал таъсир мерасонанд, гурӯҳбандӣ шудаанд. Яке аз сабабҳои паҳншавии бемориҳои занбӯри асал солҳои охир, ба ақидаи муҳаққиқон, номутавозунии микрофлораи муқаррарии дохили оилаи занбӯри асал мебошад, ки дар натиҷаи истифодаи беназорати антибиотикҳо ва ғайра ба вуҷуд меояд. Инчунин, омилҳои пешгирикунандаи инкишофи бемориҳо тағйирёбии якбораи ҳарорат, намнокии дохили оила ва дигар омилҳои экологӣ буда метавонанд.Аз сабаби он ки дар системаҳои биологӣ ҳангоми амсиласозии математикӣ ва компютерӣ объекти таҳқиқоти минбаъдаи мо оилаҳои занбӯри асал ба ҳисоб мераванд, омӯзиши зараррасонҳои занбӯри асал яке аз ҳадафҳои асосӣ дар ин таҳқиқот ҳисобида мешавад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

беморӣ, зараррасонҳо, сироятӣ, занбӯри асал, усулҳои биологӣ, кана, варроз, мелеоз, таҳқиқот, омӯзиш