РАФТОРИ КОРРОЗИОНӢ – ЭЛЕКТРОХИМИЯВИИ ХӮЛАИ АК1 ДАР АСОСИ АЛЮМИНИИ ХОЛИС БО МАГНИЙ ДАР МУҲИТИ ЭЛЕКТРОЛИТИИ NaCl

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (14.Исмоилова М.Х..pdf)14.Исмоилова М.Х.РАФТОРИ КОРРОЗИОНӢ – ЭЛЕКТРОХИМИЯВИИ ХӮЛАИ АК1 ДАР АСОСИ АЛЮМИНИИ ХОЛИС БО МАГНИЙ ДАР МУҲИТИ ЭЛЕКТРОЛИТИИ NaCl13

 

МУАЛЛИФ: Исмоилова Машҳура Ҳусниддиновна, докторанти (PhD) факултети физикаю техникаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба рафтори хӯрдашавии электрохимиявии хӯлаи АК 1 дар асоси алюминии хом бо магний дар муҳити элетронии NaCl таҳқиқот анҷом шудааст. Қайд мешавад, алюминийи холис аз сабаби ҳосилкунии плёнкаи оксиди барерӣ, ки ба сатҳи он (қабати пассив) сахт пайваст аст ва дар сурати вайрон шуданаш дар аксар муҳит фавран барқарор мешавад, ба зангзании хуб тобовар мебошад; ки пассиватсия карда мешавад. Ин қабати оксиди муҳофизатӣ махсусан дар маҳлулҳои нейтралии аксар намакҳои галогенӣ устувор буда, ба зангзании нуқтавӣ муқовимати фаъол нишон медиҳад. Аммо дар маҳлулҳои ҳавои кушод, ки дорои ионҳои галогенидӣ, ки аз ҳама васеъ паҳншудаи онҳо Cl- мебошад, алюминий ба зангзании питтингӣ осебпазир аст. Хӯлаҳо бо истифода аз усули потенсиостатикӣ дар реҷаи потенсиодинамикӣ бо суръати потенсиалии 2 мВ/с дар потенсиостати ПИ-50.1.1 омӯхта шуданд. Муқаррар карда шудааст, ки легиронии хӯлаи AK1 бо магний ба зангзанӣ устувории онро 20-40% зиёд мекунад. Бо афзоиши консентратсияи магний қиматҳои потенсиалҳои асосии электрохимиявӣ ба диапазони мусбат ва аз консентратсияи электролитҳои NaCl ба самти манфии меҳвари ординатаҳо мегузаранд.

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

хӯлаи алюминии AK1, магний, усули потенсиостатикӣ, электролит NaCl, потенсиалҳои электрохимиявӣ, суръати зангзанӣ, зичии ҷараёни зангзанӣ