КОНСЕНТРАТСИЯИ Th ВА U ДАР НАМУНАҲОИ ХОКИ ҚИСМИ ҶАНУБУ ШАРҚИИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ИСТИФОДА АЗ УСУЛИ МАСС-СПЕКТРОМЕТРИЯИ БО ПЛАЗМАИ ИНДУКТИВӢ ПАЙВАСТШУДА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (12.Абдуллоев С.Ф., Раҳматов М.Н., Умаров Н.Н., Нурматов Д.Ҳ..pdf)12.Абдуллоев С.Ф., Раҳматов М.Н., Умаров Н.Н., Нурматов Д.Ҳ.КОНСЕНТРАТСИЯИ Th ВА U ДАР НАМУНАҲОИ ХОКИ ҚИСМИ ҶАНУБУ ШАРҚИИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ИСТИФОДА АЗ УСУЛИ МАСС-СПЕКТРОМЕТРИЯИ БО ПЛАЗМАИ ИНДУКТИВӢ ПАЙВАСТШУДА 17

 

МУАЛЛИФ: Абдуллоев Сабур Фузайлович, д.и.физ.-мат., проф., мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи академик С. У. Умаров, АМИТ(Тоҷикистон,Душанбе); Раҳматов Муҳамадӣ Нуридинович, н.и.физ.-мат.,дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт; Умаров Насимҷон Негматович, н.и.физ.-мат.,мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт; Нурматов Давлатҷон Ҳамралиевич, докторант(РhD)-и факултети физикаю техникаи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ѓафуров» (Тоҷикистон,Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Бори аввал бо истифода аз усули масс-спектрометрия бо плазмаи индуктивӣ пайвастшуда арзёбии миқдории консентратсияи торий ва уран дар хоки қисми ҷанубу шарқии вилояти Суғд гузаронида шуд. Барои арзёбии дараҷаи олудашавӣ консентратсияи фонии торий ва уран ҳисоб карда шуд. Мувофиқи омили ғанигардонии EF, муайян карда шудааст, ки ҷамъшавии торий ва уран, ба истиснои ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ хеле кам аст. Қиматҳои баланди омили ғанигардонии EF дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз ғанигардии намунаҳои хок бо торий ва уран шаҳодат медиҳанд. Консентратсияи зиёди уран ва торий дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба мушоҳида расид, консентратсияи баланди ошкоршуда хусусияти маҳаллӣ дошта, ба вазъи муҳити зист таъсири назаррас намерасонад. Мувофиқи индекси геоаккумулятсияи Igeo, маълум шуд, ки аксарият хоки тадқиқшуда нисбат ба торий ва уран ба дарачаи миёна олуда шудаанд.Мувофиқи индекси геоаккумулятсинии Igeo, ошкор карда шуд, ки аксарияти хоки тадқиқшуда нисбат ба торий ва уран ба дараҷаи паст олуда шудаанд. Дар робита ба ин унсурҳо, хокҳои ин минтақа тоза тавсиф карда мешаванд. Натиҷаҳои ҳисоби нишондиҳандаҳои олудашавй (EF, Igeo, CF) шаҳодат медиҳад, ки бо уран ва торий дар ҳудуди тадқиқшуда олудашавии суст ба мушоҳида мерасад.

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

уран, тория, олудашавии хок, унсури хок, индекс геоаккумулятсионӣ, сатҳи олудашавӣ, консентратсияи Кларкӣ, паҳншавии Кларкӣ