Тозанашр
ФАНОВАРИҲОИ КОМПЮТЕРӢ ДАР ТАШКИЛИ САМАРАНОКИИ ТАЪЛИМИ ФАННИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Мадина Ҳайдарҷоновна, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола доир ба истифодаи фановариҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар дарсњои забони тољикї андешаронӣ гаштааст. Имрӯз ҳамагон дар замоне қарор дорем, ки фаъолият дар тамоми соҳаҳо моро пайваста ба пеш рафтан водор месозад. Дар ин самт аз ҳама бештар маориф ва мактаб пешгом аст. Асри ХХ1, ки асри тараққиёти илму техника ва шабакаҳои интернетӣ аст, омӯзгорони ҷавонро зарур аст аз воситаҳои техникии таълим самаранок истифода баранд ва барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим кӯшиш намоянд. Зеро истифода аз фановариҳои комютерӣ на танҳо ба муњассилин кўмак мекунад, ки барномаҳои дарсиро содатар ёд бигиранд, балки маҳоратҳоеро, ки барои созгории муваффақ дар касби интихобнамудаашон лозиманд, фароҳам меорад.Дар мақола намунаҳои кор дар тахтаи электронӣ нишон дода шуда, тавсияҳои методӣ манзур шудаанд. Хулоса мешавад, ки истифодаи босамари технологияҳои компютерӣ барои баланд бардоштани сифати таълим кӯмак намуда, самаранокии дарс афзун мегардад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
дарси забони тоҷикӣ, фановариҳои компютерӣ, омӯзгор, раванди таълим, усулҳои фаъол, тахтаи электронӣ, проектор, муаррифии фан