Тозанашр
МАҲМУДХОҶА БЕҲБУДӢ-ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК
МУАЛЛИФ: Шехов Абдуқодир Абдурауфович, номзади илмҳои филология, дотсенти шӯъбаи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола муаллиф дар бобати яке аз чеҳраҳои маъруфи ҳаракати маорифпарварӣ, асосгузори публитсистикаи тоҷику ӯзбек Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ маълумот додааст. Бо назардошти муҳимияти матбуот дар ҷомеа дар оғози садаи бист баҳори соли 1913 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ рӯзномаи дузабонаи тоҷикиву ӯзбекии “Самарқанд”-ро аз ҳисоби худ таъсис дод. Аммо ин рӯзнома умри зиёд надид, он ҳамагӣ 45 шумора дарҷ гардид.Пас аз он маҳз бо ташаббуси ин публитсисти маъруф маҷаллаи дузабонаи “Ойина” таъсис дода шуд, ки он ҳамагӣ 68 шумора дарҷ гардид. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳам дар “Самарқанд” ва ҳам дар “Оини””масъалаҳои доғи рӯзгори сиёсиву иҷтимоии Аморати Бухороро инъикос менамуд. Ҳамин тариқ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар таърихи матбуоти тоҷику ӯзбек чун асосгузори публитсистика шинохта шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
М.Беҳбудӣ, публитсист,маорифпарвар,рӯзнома, нашрияи “Самарқанд”, маҷаллаи “Ойина”, садаи бист