ТАШВИҚИ ДОНИШУ ХИРАД ДАР АНДАРЗҲОИ ПАҲЛАВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (31.Афсаҳзод А.А..pdf)31.Афсаҳзод А.А.'ТАШВИҚИ ДОНИШУ ХИРАД ДАР АНДАРЗҲОИ ПАҲЛАВӢ'8

 


МУАЛЛИФ: Афсаҳзод Аббоси Аълохон, н.и.ф., дотсент кафедраи матбуот  ва  алоқа  бо  ҷомеаи  Донишгоҳи  славянии Россия ва Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола мақому манзалати хираду дониш, ки тавассути панду андарзҳо талқин гардида, сарчашмаи умри бобарору босамар дониста мешавад, баррасӣ гардида, дараҷаи талқини сифоти  ҳамидаи инсонӣ дар таълиму тарбияи инсони комили ҳақиқӣ мавриди назар қарор мегирад. Сарфи назар аз ҳама печу тобҳои таърихӣ, зулм, зӯроварӣ, юғ ва несту нобуд кардани ҳам халқ ва ҳам муқаддасоту арзишҳои ӯ, муяссар шуд моҳияти ахлоқи ҷовидонаи инсонии хешро, ки яке аз рукнҳои боътимоди асоси мероси хаттии аз умқи таърих сарчашмагирандаро ташкил медиҳад, на танҳо нигоҳ дорад, балки ба ворисони худ ба мерос гузошта, намунаи ибрату пайравиву пайгирии аҳли башар созад. Муаллиф дар асоси  «Мутуни паҳлавӣ»-и Ҷомосб ва тарҷумаҳои ҷудогона ба мавзӯъи хираду дониш, мақоми мурабиву омӯзгор дар андарзҳо, таълиму тарбия ва сиришти ин кирдугор дар пойдорӣ ва оромишу тараққии ҷомеа таваҷҷуҳ намуда,  инъикоси омӯзишу парвариш, ситоиши донишу хирадро дар ин радиф бармало мавриди таъйину баррасӣ қарор додааст

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

андарзҳои паҳлавӣ, андарзбад, донишу хирад,  хиради фитрӣ, хиради иктисобӣ ё таҷрибӣ, ҳамнишинони хирад, душманони хирад, мароҳили ва ғараз аз таълиму тарбият