Тозанашр
МОНИТОРИНГИ РАДИАТСИЯИ ОФТОБ, ПАРАМЕТРҲОИ ОБУ ҲАВО ВА АБРНОКИИ МАҲАЛ
МУАЛЛИФ: Салиев Малик Абдулатипович, н.и.тех., корманди пешбари илмии Маркази тараққиёти инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ; Назаров Раим Раҳмонович, н.и.физ.–мат., дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт; Мирзоқобилова Фирӯза Осимовна, сармуаллимаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт; Юсупова Мадина Зикруллоевна, сармуаллимаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар ин мақола дастгоҳи фотоэлектрии офтобӣ бо системаи иттилоотӣ, ки махсус барои таҳқиқ ва мониторинги радиатсияи офтоб, абрнокии минтақа, параметрҳои метеорологӣ: ҳарорат ва намии ҳаво сохта шудааст, пешниҳод карда мешавад. Усули баҳодиҳии миқдории абрнокии минтақа дар фосилаҳои шабонарӯзӣ, ҳафтаина, моҳона ва солона дар асоси технологияи рақамӣ барои коркарди базаи таҷрибавии ҷараёни баромад ва шиддати дастгоҳ пешниҳод шудааст. Коҳиши моҳонаи тавлиди нерӯи барқ дар дастгоҳ аз ҳисоби кам шудани шаффофияти оптикии атмосфера дар натиҷаи абрнокӣ, туман, борон, барф ва чанг дар моҳи декабри соли 2023 барои шароити шаҳри Хуҷанд 58 фоизро ташкил дод.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
дастгоҳи фотоэлектрӣ, тавоноии электрӣ, тавлиди нерӯи барқ, ҳарорат, шаффофияти атмосфера, абрнокии минтақа