ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ВОРИДОТИВАЗКУНИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА (ДАР МИСОЛИ ВИЛОЯТИ СУГД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (16-Исломова Мунзифа Абдуллоевна.pdf)16-Исломова Мунзифа АбдуллоевнаТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ВОРИДОТИВАЗКУНИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА (ДАР МИСОЛИ ВИЛОЯТИ СУГД46

 


МУАЛЛИФ: 
Исломова Мунзифа Абдуллоевна - ассистенти кафедраи назарияи иктисоди МДТ «ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров, e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: точики

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур табиати воридотивазкунӣ ба воситаи омӯзиши муносибатҳои мухталифи назариявӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Таҳқиқот нишон дод, ки новобаста ба муносибатҳои зиёд доир ба муайян намудани табиати воридотивазкунӣ, то ҳол байни олимон-иқтисодчиён муносибати ягонаи умумӣ вуҷуд надорад. Дар доираи мақола муайян карда шуд, ки воридотивазкунӣ бо худ ҷараёни тараққиёти истеҳсолоти дохилии рақобатпазирро бо мақсади иваз намудани маҳсулоти воридотӣ бо маҳсулоти ватанӣ дар назар дошта мешавад. Бо баробари ин ҳангоми ивазкунии воридот, фоиданокии он низ ба инобат гирифта мешавад. Ин хислати воридотивазкунӣ пеш аз ҳама ба маҳсулоти озуқаворӣ мансуб мебошад. Бо дарназардошти назарияи омилҳои истеҳсолот воридотивазкунӣ дар ҳолате фоиданок мегардад, ки агар барои итсеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот захираҳои зарурӣ дар ҳаҷми кофӣ мавҷуд бошанд. Азбаски маҳсулоти озуқаворӣ ба категорияи маҳсулотҳои стратегӣ дохил мешавад, зеро аз рӯи истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ бехатарии иқтисодӣ ва миллӣ дар умум муайян карда мешаванд. Бинобар ҳамин воридотивазкунии маҳсулоти озуқаворӣ мувофиқи мақсад буда, метавонад мустаҳкамии иқтисодии кишварро боз ҳам пурзӯртар намояд

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

воридотивазкунанда, маҳсулоти озуқаворӣ, хоҷагидорӣ, истеҳсолот, рақобатпазирӣ, савдои байналмиллалӣ.