ХУСУСИЯТҲОИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (11-Алиджанов Джамшед Абдукаюмович.pdf)11-Алиджанов Джамшед АбдукаюмовичХУСУСИЯТҲОИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ48

 


МУАЛЛИФ:
Алиджанов Джамшед Абдукаюмович – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, e-mail: alijonov_jamshed@mail.ru.Алиджанова Сурайё Абдушукуровни – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:точики

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур хусусиятҳои тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон барои таъмин намудани ҳадафҳои иқтисодиёти сабз баҳри сатҳи шуғли ҳадди аксари аҳолӣ, баланд намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, тақсимоти боадолатонаи даромадҳо байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ва дар ниҳоят барои таъмини мӯътадилии макроиқтисодӣ муқаррар карда шудаанд. Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шуд, ки барои татбиқи унсурҳои иқтисодиёти сабз дар минтақаҳои мамлакат шароитҳои якхела вуҷуд надоранд. Бинобар ҳамин ҳангоми татбиқи унсурҳои иқтисодиёти сабз ба тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳо аҳамияти бештар зоҳир намудан зарур аст. Зеро бе дарназардошти хусусиятҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ба таври самаранок татбиқ намудани ҳадафҳои иқтисодиёти сабз имконнопазир мегардад. Муносибати фарқкунанда ба татбиқи иқтисодиёти сабз дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон коркарди маҷмӯи чораҳоро дар назар дорад, ки ба хусусиятҳои тараққиёти минтақаҳо ҷавобгӯ бошад. Дар ин васила таҳқиқи имконият ва заминаҳои инкишофи иқтисодиёти сабз дар минтақаҳои мамлакат мувофиқи мақсад мебошад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

иқтисодиёти минтақавӣ, иқтисодиёти сабз, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, некуаҳволии аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, фарқгузории минтақаҳо