БАҲОҲОИ АПРИОРӢ БАРОИ ОПЕРАТОРҲОИ ЭЛЛИПТИКИИ ТАРТИБИ ДУЮМ ДАР ФАЗОИ ГЁЛДЕР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (1-Байзаев Саттор.pdf)1-Байзаев СатторБАҲОҲОИ АПРИОРӢ БАРОИ ОПЕРАТОРҲОИ ЭЛЛИПТИКИИ ТАРТИБИ ДУЮМ ДАР ФАЗОИ ГЁЛДЕР57

 


МУАЛЛИФ: 
Байзаев Саттор доктори илмҳои физика-математика, профессори кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосир, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)

Баротов Рӯзибой Нӯмонҷонович докторанти (PhD) кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Мўҳсинови МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оператори эллиптикӣ муоина мешавад, ки қисми асосии он оператори Битсадзе буда, аъзои хурд аз ҳосили зарби матритса-функсия ба вектор-функсияи ҳамроҳшуда иборат аст. Оператор дар фазои банахи вектор-функсияҳои дар тамоми ҳамвории комплексӣ маҳдуд ва ба таври Гёлдерӣ мунтазам бефосила омӯхта мешавад. Ин оператор дар фазои мазкур нётерӣ нашуданаш мумкин аст. Мисоли чунин оператор бо ядрои беохирченака оварда шудааст. Барои ҳолати  коэффитсиентҳо бо лаппиши суст дар беохирӣ шартҳои ҷой доштани баҳои априорӣ ёфта шудаанд. Ин шартҳо аз рӯи спектри матритсаҳои ҳудудӣ, ки тавассути ҳудудҳои хусусии матритсаи коэффитсиентҳо дар беохирӣ сохта шудаанд, тасвир мегарданд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

оператори эллиптикӣ, фазоҳои Гёлдерӣ, баҳодиҳиҳои априорӣ