2023 сол
СТРАТЕГИЯИ РУШД ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲО
МУАЛЛИФ: Қобилова Шафоатҷон Толибҷоновна - докторанти бахши 2-юми шўъбаи рўзонаи ихтисоси 6D050900-«Молия, муомилоти пулӣ ва қарз»Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(65). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ – амалии ташкил ва коркарди стратегия рушди бонкҳо баррасӣ гардидааст. Зимни таҳқиқот муаллиф муайян намудааст, ки стратегияи рушд дар раванди фаъолияти бонкҳо барномаи зарурӣ буда, муваффақияти бонк аз татбиқи самараноки он вобаста мебошад. Муаллиф паҳлӯҳои назариявии зарурият ва аҳамияти стратегияи рушдро дар раванди фаъолияти бонкҳо омӯхта, ҷараёни ташкили онро мавриди баҳс қарор додааст. Дар ин замина, самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк ҳангоми қабули стратегияи рушд муайян гардида, ҷиҳати такмилдиҳии онҳо тавсияҳо пешниҳод шудаанд. Оид ба коркарди стратегияи рушд дар бонк аз ҷониби муаллиф алгоритми мушаххас таҳия шудааст ва ҷиҳати татбиқи он дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ пешниҳодҳои мушаххас тавсия гардидаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ, стратегияи рушд, низоми бонкӣ, молияи бонкҳо, захираҳои бонкӣ, менеҷменти бонкӣ.