ЗАМИНАҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИДОРАКУНИИ ИҚТИДОРИ МЕҲНАТИИ МИНТАҚА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (28-Негматов Шукруллохон Лутфул-лоевич..pdf)Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич.ЗАМИНАҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИДОРАКУНИИ ИҚТИДОРИ МЕҲНАТИИ МИНТАҚА45

 
МУАЛЛИФ:  Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич -унвонҷӯи кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(65).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Заминаи институтсионалии ташаккул ва идоракунии иқтидори меҳнатии минтақа хусусияти равандҳои бозорро ба назар мегирад. Гап дар сари он аст, ки гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ, ки ҷумҳурии мо онро ҳанӯз аз cap мегузаронад, ба институтҳо, аз ҷумла ба институтҳои иҷтимоӣ таъсири худро мерасонад. Заминаи институтсионалии ташаккул ва идоракунии иқтидори меҳнатии минтақа бояд инҳоро таъмин намояд: ташаккули иқтидори меҳнатӣ; истифодаи иқтидори меҳнатӣ; идоракунии иқтидори меҳнатӣ мебошад. Иқтисодиёти бозории кишварҳои пасошӯравӣ, ки аз ҷиҳати табиат ва моҳияти худ беназир аст, зеро аналогҳои гузариш аз амсилаи иҷтимоии иқтисодиёт ба бозорӣ дар таърих бори аввал ба амал меоянд. Аз ин рӯ, асосҳои институтсионалии ташаккулёбии иқтидори меҳнатӣ “соф” набуда, балки омехта (симбиозӣ) мебошанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

асосҳои институтсионалии идоракунӣ, иқтидори меҳнатӣ, низом, институтҳо, сохти шумораи аҳолӣ, машғули аҳолӣ ва бекорон