НАЗАРИЯИ ТАШАККУЛИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ОНҲО

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (24-Ишонова Сайѐра Султоновна.pdf)Ишонова Сайѐра СултоновнаНАЗАРИЯИ ТАШАККУЛИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ОНҲО43

 
МУАЛЛИФ:  Ишонова Сайёра Султоновна – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳсинова Парвина Абдулқосимовна - номзади илмҳои иқтисодӣ,дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳикматова Парвина Ҳакимовна - магистранти соли 2-юми кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(65).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур, назарияи ташаккули минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти милли таҳлил ва арзёби карда шудааст. Зимни омӯзиши масълаи мазкур, қайд карда шудааст, ки ташаккули  минтақаҳои  озоди  иқтисодӣ  чун  сохтори  иқтисодӣ  ва  танзими  давлатии он ба  пояҳои  ҳуқуқӣ  такя  мекунад, ки яке аз усулҳои ҳуқуқии ташаккули минтақаҳои озоди ба ҳисоб меравад. Барои такмили раванди ташакккули минтақаҳои озоди иқтисодӣ якчанд усул ва роҳҳои муосир пешниҳод гардида шудааст.Дар раванди омӯзиши назарияи ташаккули минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаллиф якчанд назарияҳои мухталифро омӯхта дар асоси онҳо, пешниҳодҳои дақиқ намудааст, ки татбиқи онҳо дар амалия ба такмили ингуна минтақаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мерасонад. Инчунин, барои ташаккул ва минбаъдаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтичодӣ маблағҳо ва захираҳои пулӣ лозим мебошанд, ки дар мақолаи мазкур якчанд сарчашмаҳои онҳо мавриди таҳлил қарор дода шудаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иқтисодӣ минтақа, робитаҳои иқтисодӣ, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёт, низомнома  дар  бораи  минтақаҳои  озоди  иқтисодӣ.