ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ БАҲИСОБГИРИИ ХАРОҶОТ ДАР НИЗОМИ “ДИРЕКТ-КОСТИНГ” ВА “СТАНДАРТ-КОСТИНГ”

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (23-Дадоматов Далерджон..pdf)Дадоматов Далерджон. ТАҶРИБАИ ХОРИҶИИ БАҲИСОБГИРИИ ХАРОҶОТ ДАР НИЗОМИ “ДИРЕКТ-КОСТИНГ” ВА “СТАНДАРТ-КОСТИНГ”46

 
МУАЛЛИФ:  Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич - доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(65).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Самаранокии кори ҳар як корхона аз баҳисобгирии босифати идоракунӣ, аз ҷумла таҳияи салоҳиятнокии низоми баҳисобгирии хароҷот вобаста аст. Бисёр таснифоти баҳисобгирии хароҷот ва арзиши маҳсулот ва хидматҳо мавҷуданд. Ҷудошавии онҳо бо он шарҳ дода мешавад, ки дар раванди расидан ба ҳадафи баҳисобгирии хароҷот ҳар як корхона дар алоҳидагӣ ба вазифаҳои усулҳои гуногун диққат дода, усули аслии худро интихоб мекунад. Дар ин мақола низомҳои баҳисобгирии хароҷот "директ-костинг" ва "стандарт-костинг" таъкид шудааст. Интихоби дурусти низоми муайяни баҳисобгирии хароҷот аз ҷониби корхона ба самаранокӣ ва камхарҷии иттилоот таъсири назаррас мерасонад ва ин омилҳо имкон медиҳанд, ки сари вақт қарорҳои асосноки идоракунӣ қабул карда шаванд. Мақсади ин мақола муайян кардани хусусиятҳои низомҳои баҳисобгирии хароҷоти хориҷӣ «Стандарт-кост» ва «Директ-костинг», инчунин татбиқи низомҳои ҷудошуда барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

арзиши маҳсулот, стандарт-кост, директ - костинг, маркази хароҷот, маркази масъулият, хароҷоти мустақим, хароҷоти доимӣ ва таъғйирёбанда.