дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

САМТҲОИ ГЛОБАЛӢ ВА МИНТАҚАВИИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (9-Раҳимов Озод Давронович..pdf)Раҳимов Озод Давронович.САМТҲОИ ГЛОБАЛӢ ВА МИНТАҚАВИИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ13

 
МУАЛЛИФ: Раҳимов Озод Давронович - докторанти PhD курси 1-уми МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(65).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола самтҳои глобалӣ ва минтақавии тағйирёбии иқлим,  омӯзишу тавсифи иқлим ва омилҳои иқлимҳосилкунанда дар Тоҷикистон,  ҷанбаъҳои илмии тағйирёбии муҳити табиӣ - иқлимӣ ва таъсири онҳо ба ҷузъҳои муҳити табиии Тоҷикистони Шимолӣ арзёбӣ шудааст. Ҳамчунин оқибат ва хатарҳои гармшавии иқлим, таъсири он ба экосистемаҳои куҳӣ, тамоюлҳои тағйирёбии иқлим дар шароити Тоҷикистон, мушкилоти биёбоншавӣ дар экосистемаҳои кӯҳӣ, офатҳои табиӣ ва оқибатҳои хатарноки он, аз ҷумла зиёд шудани сел ва обхезӣ, ба вуқӯъ омадани тарма,  ярч, аз ҳад зиёд шудани гармӣ ва хунукӣ, кам шудани захираҳои барф дар ҳудуди ҷумҳурӣ,  паст шудани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ, хушк шудани зироатҳои киштшуда, сафолакбандии заминҳо, зиёд гардидани талабот ба об тахлил ва баррасӣ шудааст. Муаллифи мақола назария ва андешаҳои олимони зиёдро бобати сабабҳои гармшавии иқлим омӯхта, фарзияҳои асосиро гирд овардааст. Вобаста ба мушкилоти зикршуда кӯшиш намудааст, ки шароити табиӣ – географии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил карда, андешаҳои илмии худро пешниҳод намояд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тағйирёбии глобалӣ ва минтақавии иқлим, муҳити табиии Тоҷикистони Шимолӣ, тағйирёбии шароитҳои иқлимӣ, нишондиҳандаи миёнаи воҳидҳои метеорологӣ, таъсири антропогенӣ ба муҳити табиӣ, ҷараёни вайроншавии яхбандӣ, хатари офатҳои табиӣ