2023 сол
ИСТИФОДАИ МОДЕЛИ ЛОТКА-ВОЛТЕР БАРОИ ОМӮЗИШИ ТАЪСИРИ МУТАҚОБИЛАИ ДУ ПАРАМЕТРҲО ДАР БИОМАТЕРИАЛҲО
МУАЛЛИФ: Умаров Насимҷон Негматович - номзади илмҳои физикаю-математика, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(65). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола татбиқи модели Лотка-Волтер ба таъсири мутақобилаи ду ё зиёда параметрҳо омӯхта шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки ҳангоми ба ҳамдигар таъсир расондани ду параметр ё система, лаппишҳои онҳо хамчун лаппиши осиллятори гармоникӣ такрор мешаванд. Муайян карда шуд, ки дар суръати зиёд шудани шумораи параметрҳои ба ҳам таъсиркунанда амплитудаи лаппиш ба таври монотонӣ кам мешавад. Модели Лотка-Волтерро барои моделиронии таъсири мутақобилаи радикалҳои фаъол ва гурӯҳҳои ҳидроксилии таркиби биомолекулаҳои пояи қамиш истифода бурдан мумкин аст. Муайян карда шуд, ки дар баробари баланд шудани дараҷаи фони радиатсионӣ радикалхои фаъол то 2,5 баробар зиёд ва гуруҳҳои ҳидроксили то се баробар кам мешаванд. Моделсозии ин раванд назорат ва пешгӯии тағйиротро дар хосият ва сохтори биоматериалҳо таъмин менамояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
биомавод, моделсозии математикӣ, муодилаи Лотки-Волтер, гурӯҳи ҳидроксилӣ, радикалҳои фаъол, қамиши оддӣ.