ТАСВИРИ ИНТЕГРАЛИИ ҲАЛЛИ УМУМӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ КОШӢ-РИКЙЕ БАРОИ МУОДИЛАИ ОПЕРАТОРӢ - ДИФФЕРЕНСИАЛИИ ОДӢ БО СЕ НУҚТАҲОИ ДОХИЛИИ ДОРОИ СИНГУЛЯРНОКИИ БАЛАНД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (2-Охунов Нозимджон Кобилович.pdf)Охунов Нозимджон КобиловичТАСВИРИ ИНТЕГРАЛИИ ҲАЛЛИ УМУМӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ КОШӢ-РИКЙЕ БАРОИ МУОДИЛАИ ОПЕРАТОРӢ - ДИФФЕРЕНСИАЛИИ ОДӢ БО СЕ НУҚТАҲОИ ДОХИЛИИ ДОРОИ СИНГУЛЯРНОКИИ БАЛАНД35

 
МУАЛЛИФ:   Охунов Нозимҷон Қобилович - сармуаллими кафедраи анализи  математикӣ ба номи профессор А. Мӯҳсинови МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(65).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муодилаи операторӣ - дифференсиалии дар натиҷаи  - маротиба итеронидани оператори дифференсиалии одии хаттии тартиби якум бо се нуқтаҳои дохилии сингулярнокии баланд ҳосилшуда, омўхта мешавад. Тасвири интегралии ҳалли умумии муодила ёфта мешавад, ки аз  - доимиҳои ихтиёрӣ вобаста мебошад. Барои тасвир баробариҳои характеристикӣ ёфта шудаанд, ки барои он формулаи баргардонӣ мебошанд. Бо ёрии тасвири ҳосил кардашуда рафтори ҳалҳои муодила дар атрофи нуқтаҳои махсус омӯхта шудааст. Нишон дода шудааст, ки ҳамаи ҳалҳои муодила дар атрофи нуқтаи махсус, вобаста ба аломати қимати ҳудудии коэффитсиенти муайяни оператор, ҳамчун функсияи экспоненсиалӣ ба беохир ё нол майл мекунанд. Тасвири ҳосил кардашуда дар муайян кардани гузориши дурусти масъалаҳои Кошӣ - Рикйе бо шартҳои дар нуқтаҳои дорои сингулярнокии баланд додашуда ва дар намуди ошкор ёфтани ҳалли онҳо татбиқ карда шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

муодилаи операторӣ - дифференсиалии одӣ, нуқтаҳои дохилии дорои сингулярнокии баланд, тасвири интегралии ҳалли умумӣ, формулаҳои баргардонии тасвир, рафтори ҳалҳо, масъалаҳои Кошӣ-Рикйе.