2023 сол
ОМИЛҲОИ СИФАТИ ЗИНДАГИИ ҶОМЕАИ МИНТАҚАВӢ
Сайдуллоева Дилором Каримовна – дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, (Ҷумҳурии Тоҷикистон,ш.Хуҷанд), МУАЛЛИФ: Сайдуллоева Меҳрангез Ҳакимхоновна –докторанти курси 1ихтисоси 08.00.09-Методҳои математикӣ ва афзорӣ (инструменталӣ) дар иқтисодиёт МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, (Ҷумҳурии Тоҷикистон,ш.Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола, усули аз ҳама самараноки таҳлили омилҳои сифати зиндагӣ яъне таснифоти параметрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Параметрҳои омӯзиши сифати зиндагии ҷомеаи минтақавӣ, бо хусусиятҳои рушди минтақа, мавқеи он дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ муайян карда мешавад. Дар омӯзиши сифати зиндагӣ, нишондиҳандаҳо бори назарраси мазмунӣ доранд. Хусусиятҳои объективии сифати зиндагӣ дар асоси маълумотҳои оморӣ на ҳама вақт манзараи воқеиро инъикос мекунанд ва аксар вақт зиддият доранд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
сифати зиндагӣ, ҷомеаи минтақавӣ, омилҳои сифати ҳаёт, арзёбии объективӣ ва субъективӣ, таъсири танзимкунанда, сохтори институтсионалии минтақа