2023 сол
ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ ЭЪТИМОДИ НИҲОДӢ БА ҶОЛИБИЯТИ САРМОЯГУЗОРИИ МИНТАҚАҲО
Муҳсинова Парвина Абдулқосимовна - дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳофизов Ҳафиз Асгарович - дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Суроға; 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, МУАЛЛИФ:Бобоҷонова Нафисабону Зафарҷоновна - магистранти соли 2-юми кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур ба таҳлили муҳити ниҳодии минтақавӣ дар бурриши муайян намудани алоқамандиҳои эътимоди ниҳодӣ ба ҷозибияти сармоягузории минтақаҳо бахшида шуда аст. Аз ҷониби муаллифон таҳлили ҷомеъаи (соҳибкорон) тоҷикон дар бобати самаранокии таъсири эътимоди ниҳодӣ дар ҳолатҳои дар зиндагӣ ба вукуъ меомада гузаронида шуда аст. Нишон дода шуда аст, ки сатҳи эътимоди ниҳодии чамъият на онқадар баланд буда, аммо устувор мебошад. Ҳамчунин баҳоҳое, ки респондентон оид ба самаранокии системаҳои ниҳодӣ дар ҳалли масъалаҳои тахминкунии сармоягузорӣ барои азхуд намудани потенсиали захираҳои табии минтақаҳо на он қадар баланд буда, бештари пурсишшудагон аниқ ба дастгирии ин ё он ниҳод эътимод доранд. Муаллифон зикр мекунад, ки баҳоҳои пасти самаранокии ниҳодҳо дар ҳолатҳои мушкили ҳаётӣ барои беҳтар гардонидани ҷозибияти сармоягузории минтақаҳо танҳо дар доираи фарзияҳо пешниҳод гардидаанд. Қайд мегардад, ки самаранокии истифода кардани захираҳои сармоягузорӣ барои азхуд кардани захираҳои табии минтақаҳо аз сатҳи эътимоди ниҳодӣ вобастагӣ дошта бошад ҳам, аммо эътимодро метавон зуд аз даст дода, ба он ноил гардидан вақти хело зиёдро талаб мекунад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
сармоягузорӣ, эътимод, пурсишшудагон, захираҳо, рушд, меъёр, самаранокӣ