МАСЪАЛАҲОИ САМАРАНОКИИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗӢ ДАР КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ ПАХТА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (21-Маъмуров Анваржон Махмуджонович.pdf)Маъмуров Анварҷон МаҳмудҷоновичМАСЪАЛАҲОИ САМАРАНОКИИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗӢ ДАР КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ ПАХТА50

 
МУАЛЛИФ:
Маъмуров Анварҷон Маҳмудҷонович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд), Ҷумъабоев Хуршед Қодирович - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДМИТ, Кузибаева Бароат Муротбоевна - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиѐсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(64).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур оид ба нақш ва аҳамиятии имтиёзҳои андозӣ дар корхонаҳои коркарди пахта мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки танҳо дар асоси таҳлили нишондодҳои молиявию иқтисодии ин корхонаҳое, ки дастгирӣ карда мешавад дараҷаи расидан ба ҳадафҳое, ки ба онҳо нигаронида шудаанд, самаранокии онро метавон арзёбӣ кард. Инчунин соҳаи кишоварзӣ, ки намудҳои фаъолияти иқтисодиро дар бар мегирад, аз таъмини маҳсулотҳои кишоварзӣ, арзиши изофа ва таъмини маҳсулоти пахта ба бозори истеъмолӣ, то таъмини амнияти озуқавории миллӣ, як бахши муҳимми иқтисодиёт боқӣ мемонад. Дар мақола муалифон омӯзиш ва баҳодиҳии имтиёзҳои ба ҶДММ “Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷи тоҷик” муқарраршударо таҳлил ва муҳокима намудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рақобатпазир шудан, муҷтамаи агросаноатӣ дар коркарди пахта як қатор мушкилоте дорад, ки ҳам корхонаҳои калон ва ҳам истеҳсолкунандагони хурди кишоварӣ бо онҳо дучор меоянд. Муаллифон инчунин таҷрибаи хориҷиро дар самти самаранокии намудани имтиёзҳои андозӣ дар корхонаҳои коркарди пахтаро дар заминаи рушди инноватсионии муҷтамаи агросаноатӣ муаррифӣ намуда, стратегияи ҳавасмандкунии рушди дохилии ин бахшро муфассалтар пешниҳод намудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

низоми андоз, корхонаҳои коркарди пахта, қонунгузории андоз, имтиёзҳои андоз, ӯҳдадории андоз, манбаи андозбандӣ, меъёрҳои андоз.