2023 сол
ҶОЙГИРШАВИ САНОАТ ВА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
МУАЛЛИФ:Абдуназарӣ Мавзуна Кобулзода – сармуаллимаи факултети геоэкология ва туризми, кафедраи геоэкология ва методикаи таълими МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(64). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур ба муайян намудани ҷойгиршавии саноати истеҳсолӣ ва захираҳои меҳнатӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳаҳои истеҳсоли моддии вилояти Суғд бахшида шудааст. Соҳаҳои саноати истиҳроҷ дар ҷойгиркунии ҳудудӣ дар ноҳияҳои камаҳолӣ ба мавҷудияти манбаҳои ашёи хом ва кашфи конҳон нави канданиҳои фоиданок алоқаманду ба аҳолии қобили меҳнат эҳтиёҷ дошта бошанд, пас соҳаҳои саноати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз мавҷудияти ашёи хом кам вобастагӣ доранд ва аз ин рӯ корхонаҳои ин соҳаҳои саноат асосан бояд бо дар назардошти маскуншавии аҳолӣ ва мавҷудияти захираҳои меҳнатӣ ҷойгир карда шаванд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
рушди иқтисодӣ, истеҳсолот, тараққиёти рақобатпазирӣ, хоҷагии қишлоқ, ҷойгиршавии саноат, истифодаи захираҳои меҳнатӣ.