2023 сол
НИЗОМИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ҲАМЧУН УНСУРИ МУҲИМТАРИНИ РАВАНДҲОИ БОЗОРГОНӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Абдуллоева Парвина Муминҷоновна -докторанти курси 2-уми факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш Хуҷанд МУАЛЛИФ:
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(64). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур хусусиятҳои бозори меҳнат ҳамчун унсури муҳимтарини равандҳои бозор дар шароити муосир баррасӣ карда шудааст. Дар ин замина муаллиф нишондиҳандаи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва меҳнатиро, ки дар байни корфармоён ва кормандон бо иштироки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, дар асоси талабот ва пешниҳод оид ба пардохти шароити меҳнат, кафолатҳои иҷтимоӣ, хифзи иҷтимоӣ ва дастгирӣ нишон медиҳад.
Дар мақола исбот шудааст, ки бозори меҳнат дар байни унсурҳои сохтории иқтисоди бозорӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад, зеро он бевосита ба фаъолияти инсон, фаъолияти сармояи инсонӣ алоқаманд аст. Хусусияти кор вобаста ба объектҳои фурӯшӣ, ҳуқуқи ба кор қабул кардан мувофиқи қобилияти меҳнат, яъне, ҳуқуқи истифода бурдани қувваи корӣ. Мақсади тадқиқот аз тарафи муаллиф муайян кардашудааст, ки ин баҳо додан ба нақши он мебошад, маҳз ба воситаи ин бозор унсури муҳимтарин омил ҳамчун захираи миллӣ, қувваи корӣ дар байни корхонаҳо, сохаҳо ва минтақаҳо тақсим карда мешавад. Аксар вақт бозори меҳнат – саҳеҳтарин нишондиҳандаи вазъи иҷтимоии аҳолии ин ва ё он кишвар ё минтақа мебошад. Дар ин бозор манфиатҳои кормандон ва корфармоён, ки ташкилотҳои давлатӣ, мунисипалӣ, ҷамъиятӣ, хусусӣ ва дигар ташкилотҳо мебошанд, бархӯрд мекунанд. Аз ин рӯ, бозори меҳнат яке аз унсурҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии мақомот ба ҳисоб меравад. Муаллиф исбот кардааст, ки бозори меҳнат ин низоми муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷомеа, меъёрҳо ва итиҳодиҳодест, ки барои таъмини раванди мӯътадили мунтазами таҷдиди нерӯи меҳнат ва истифодаи самараноки он мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
бозори меҳнат, хизматрасонӣ, захира, нерӯи меҳнат, ҳуқууи истифодабари,танзим, низом, сиёсат.