ҶИҲАТҲОИ НАЗАРИЯВИИ СИЁСАТИ САВДОИ БЕРУНАИ ОЗОД ВА ТАДБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ВОРИДОТИВАЗКУНӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ КУШОД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (13-Алиджанов Джамшед Абдукаюмович.pdf)Алиджанов Джамшед АбдукаюмовичҶИҲАТҲОИ НАЗАРИЯВИИ СИЁСАТИ САВДОИ БЕРУНАИ ОЗОД ВА ТАДБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ВОРИДОТИВАЗКУНӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ КУШОД43

 
МУАЛЛИФ:
Алиджанов Джамшед Абдукаюмович – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров"

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(64).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои назариявии сиёсати савдои беруна дар ҷодаи амалигардонии стратегияи воридотивазкунӣ мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Қайд карда мешавад, ки назария ва амалияи танзими давлатии савдои беруна муносибатҳои гуногунро дар доираи савдои озод ва амалигардонии сиёсати ҳифзкунандаи савдо бо унсурҳои протексионизм нишон медиҳад. Ҳалли танзимкунии нишондодҳои савдои беруна на танҳо хислати иқтисод, инчунин хислати сиёсиро бодарназардошти манфиатҳои мавҷудбуда ва пайдошавандаи агентҳои иқтисодӣ низ дорад. Муайян карда шудааст, ки сиёсати савдои озод танҳо дар ҳолате ба иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад, ки агар бозори дохили молҳои истеҳсоли ватанӣ бо молҳои хориҷӣ рақобатнок бошанд. Бо баробари ин коҳишёбии оқибатҳои манфӣ ва мусоидат намудан барои инкишофи рақобат ба вазифаи давлат мубаддал мегардад. Истифодабарии усулҳои тарифии танзими савдои беруна дар шароити муосир ва ҳамгироии кишварҳои зиёд дар доираи ТУС ба таври мустақилона наметавонад истеҳсолкунандагони дохилиро аз таъсири рақибони хориҷӣ эмин нигоҳ дорад. Бинобар ҳамин барои амалигардонии сиёсати савдои беруна дар шароити муосир ба усулҳои ғайритарифӣ мансуб дониста мешавад. Яъне дар тадбиқи сиёсати савдои беруна ва ҳавасманд намудани истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ҳамзистии усулҳои тарифӣ ва ғайритарифии танзими савдои беруна метавонанд натиҷаҳои назаррасро таъмин намоянд. Дар ин самт истифодабарии квотакунонии воридот барои коҳиш додани ҳаҷми воридоти барзиёд ва ҳавасмандгардонии афзоиши истеҳсолоти дохилӣ самараи мусбат дода метавонад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сиёсати савдои беруна, ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (ТУС), тавозуни амалиётҳои ҷорӣ, содирот, воридот, стратегияи воридотивазкунӣ, истеҳсолоти дохилӣ,.