2023 сол
ТОЛЕРАНТНОКИИ (ТОБОВАРИИ)НАВЪҲОИ СОЛИМГАРДОНИДАШУДАИ КАРТОШКА ДАР ШАРОИТИ СТРЕСҲОИ ЭКОЛОГӢ
Сабуров Бахтиёр Муҳидинович– докторанти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи Миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи биология ва методикаи таълими он Муассисаи Давлатии Таълимии “Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров”, Ғафурова Парвина Зиёевна – магистранти курси якуми факултети биология ва химия, ихтисоси “биология” Муассисаи Давлатии Таълимии “Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров” МУАЛЛИФ:
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(64). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур хусусиятҳои муҳими зироати картошка, яъне толерантнокии навъҳои он: Кардинал, Тоҷикистон, Пикассо дар шароити стресии хушкӣ (танқиси обӣ) омӯхта шудааст. Таҷрибаҳои таъсири хушкӣ ба мавҷудияти сафеда, таъсири кислотаи аскарбинӣ ба фаъолияти ферментӣ, нисбати таъсироти хушкӣ (танқисии обӣ) ба мавҷудияти сафеда дар таркиби навъҳои картошка, таъсироти кислотаи аскарбин ба фаъолияти супероксидисмутаза (СОД) ба устувории навъҳои гуногуни картошка ва таъсири кислотаи салитсиловӣ ба фаъолияти ферментҳои муҳофизатии антиоксидантӣ муайян карда шуданд. Навъҳои картошка дар шароити стресии хушкӣ ( танқисии обӣ) аз зинаҳои мутобиқшави вобастагӣ дорад, хусусиятҳои толерантнокӣ ва ҳосилнокии картошкаро дар шароити стрессӣ муайян менамояд, маълум гардид, ки ин хусусияти тобоварӣ яъне толерантнокӣ бо фаъолияти ферментҳои муҳофизатии антиоксидантии картошка алоқамандӣ дошта дар шароити эксперементалии стреси хушкӣ (танқисии обӣ) фаъолияти муфиди худро инъикос менамояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
толерантноки, намуди картошкаи Кардинал, Тоҷикистон, Пикассо дар шароити хушки.