2023 сол
ОМӮЗИШИ АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ СОХТМОНИ МАНЗИЛ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР БЕҲДОШТИ САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ
Қодиров Абдурахмон Лакимович - профессор, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, ш.Хуҷанд, Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳукук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, Абдуллоева Гулноза Абдуҷаборовна - сардори раёсати таълими Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, МУАЛЛИФ:
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур ба омӯзиши асосҳои назариявии сохтмони манзил ва аҳамияти он дар беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ бахшида шудааст. Мақсади мақолаи илмӣ омӯзиши асосҳои назариявии сохтмони манзил ва дар ин асос ошкор кардани омилҳои ба рушди сохтмони манзил таъсиррасон мебошад. Дар рафти таҳқиқот омилҳои ба рушди сохтмони манзил таъсиррасон, низоми нишондиҳандаҳои алоқаманди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва нақши иҷтимоиву иқтисодии сохтмони манзил пешниҳод карда шудааст. Ҳамзамон, дар мақола асосҳои ҳуқуқии рушди сохтмони манзил мавриди омӯзиш қарор гирифта, тавсияҳои илмӣ ҷиҳати рушди сохтмони манзил пешниҳод карда шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
сохтмони манзил, сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмини аҳолӣ бо манзили шахсӣ, стратегия, сатҳи даромад, қарзи ипотекӣ, ҳуқуқ ба манзил.