АРЗЁБИИ ОМОРИИ ДИНАМИКАИ СОХТМОНИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (12-Абдуллоева Гулноза..pdf)12-Абдуллоева Гулноза.АРЗЁБИИ ОМОРИИ ДИНАМИКАИ СОХТМОНИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ48

 


МУАЛЛИФ: 
Абдуллоева Гулноза Абдуҷаборовна -  сардори раёсати таълими Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, 

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(66).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур динамикаи сохтмони манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ ва ояндабинӣ гардида, таъсири он ба сатҳи зиндагии аҳолӣ баррасӣ шудааст. Дар рафти таҳлил маълум гардидааст, ки давоми солҳои 2015-2021 нишондиҳандаи афзоиши миёнаи мутлақ ва суръати барзиёдшавии миёнаи сохтмони манзил мутаносибан 47133 м.м. ва 3,4%-ро ташкил мекунад. Аз рафти таҳлил маълум гардидааст, ки солҳои охир ҳиссаи ҳаҷми сохтмони манзил, ки бо сармоягузориҳои давлатӣ ва сармояи аҳолӣ бунёд шудааст, коҳиш ёфта, ҳиссаи ҳаҷми сохтмони манзил, ки бо сармояи ташкилотҳои дигар бунёдшуда, афзоиш меёбад. Ҳамзамон, дар мақола динамикаи фонди манзил дар ҷумҳурӣ таҳлил гардида, муайян карда шудааст, ки соли 2021 дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокин 10,9 м.м., аз ҷумла; ба ҳар сокини шаҳр 13,7 м.м. ва ба ҳар сокини деҳот 9,8 м.м. рост меомад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сохтмони манзил, фонди манзил, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сармоягузорӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, ояндабинӣ, суръати афзоиш