2023 сол
ҶАНБАҲОИ ИҶТИМОӢ- ИҚТИСОДИИ ТАНЗИМИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ ДАР МИНТАҚА
Абдуқодиров Хайрулло Абдусаломович – доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ, (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), Саиджонов Содикжон Шарифжонович - муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ, (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд) МУАЛЛИФ:
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масъалаҳои танзими ҷанбаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии танзими даромади аҳолӣ дар минтақа мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар асоси омўзиши вазъи даромади аҳолии кишвар ва минтақаҳо дар давраи ислоҳотҳои иқтисодӣ, зарурати танзими давлатии даромади аҳолӣ бо мақсади коҳиши фарқгузории беасос асоснок карда шудааст. Усулҳо ва фишангҳои танзими даромади аҳолӣ, ки самтҳои мухталифи иҷтимоӣ – иқтисодии сиёсати минтақавиро тавсиф медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Механизми танзими даромади аҳолӣ тавассути шаклҳо ва фишангҳои буҷетӣ, андозӣ, пулӣ – қарзӣ ва ниҳодӣ кушода дода шудааст. Барои баландбардории даромади аҳолӣ ва сатҳи зиндагӣ муаллифон андешидани чораҳои умумииқтисодӣ, ба монанди мусоидат намудан ба шуғлнокӣ, баландбардории музди меҳнат, такомулдиҳии сиёсати андозӣ, баробар намудани сатҳи рушди иҷтимоӣ - иқтисодии минтақаҳоро пешниҳод намудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
даромади аҳолӣ, тафриқаи даромад, механизми танзим, усулҳои танзим, сатҳи зиндагӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шарикии иҷтимоӣ