2023 сол
АСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ БОНКҲОИ ТИҶОРАТӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
Қобилова Шафоатҷон Толибҷоновна – докторанти бахши2-юми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 6D050900- «Молия, муомилоти пулӣ ва қарз»Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров МУАЛЛИФ:
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(64). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Аҳамияти мақолаи мазкур дар он аст, ки он барои такмили банақшагирии стратегии бонки тиҷоратӣ нигаронида шудааст, ки имкон медиҳад стратегияи босалоҳият ва бомуваффақияти рушд таҳия карда, ба амалигардонии фаъолияти бонк таъсири мусбӣ расонад ва натиҷаҳои молиявии онро баланд ва беҳтар созад.Дар иқтисодиёти рақамӣ, бахшҳои бонкӣ вазифаи муҳим ва такмил додани маҳсулот ва хидматҳои мавҷуда, инчунин эҷоди маҳсулоти нав ва сифатан фарқкунандаи бонкӣ аз маҳсулоти мавҷуда дорад.Дар мақола самтҳои асосии рушди бахши бонкӣ дар заминаи трансформатсияи рақамӣ ва хатарҳои эҳтимолии марбут ба татбиқи онҳо баррасӣ шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
стратегияи рушд, менеҷменти стратегӣ, стратегияи бонки тиҷоратӣ, банақшагирии стратегӣ, рисолати бонки тиҷоратӣ, стратегияи консервативӣ, трансформатсияи рақамӣ.