2023 сол
МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИ (МОИ) ДАР НИЗОМИ МАРКАЗҲОИ РУШДИ МИНТАҚА
Ишонова Сайёра Султоновна – номзади илмҳои итисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳсинова Парвина Абдулқосимовна - номзади илмҳои итисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонй МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирҷамолова Маҳбубаҷон Олимҷоновна - Магистранти соли 2-юми кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон. МУАЛЛИФ:
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(64). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола кӯшиши хулосабардоирии назариявӣ ва амалие, ки дар асоси таҳлили асосҳои мафҳумии Минтақаи Озоди Иқтисодӣ ва маводҳои фактологии МОИ “СУҒД” , ба харҷ дода шудааст, то ки истифода аз лаҳзаҳои он ба баланд шудани самаранокии МОИ замина омода шавад.
Дар натиҷа ба сифати навгонии илмии мақола таърифи муаллифии мафҳуми МОИ ва ба сифати пешниҳод, маҷмӯи чорабиниҳои амалӣ оиди беҳтарсозии фаъолияти МОИ “Суғд” ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби соҳибкорони ватанию хориҷӣ пешниҳод карда шуд, ки амалигардогнии он бояд нуқтаи асосии рушди МОИ “Суғд”-ро гузорад. Маҷмӯи чорабиноҳое, ки дар мақола пешниҳод шудааст асосан ба ҳалли як муаммое, ки дар назди МОИ “Суғд “ меистад ва ҳамчун норасоии маблағгузорӣ барои рушди субъектҳои хоҷогидорӣ дар минтақа ба қайд гирифта шуда, барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёни хориҷии МОИ “Суғд” равона карда шудааст.Ба сифати чорабинии иловагӣ муайан кардани самтҳои рушди минтақа аз ҷумла ғанигардонии номгӯи маҳсулоти тайери истеҳсолие, ки ба хориҷи кишвар таъинот гирифтааст, яъне ба баланд шудани иқтидори содиротии минтақа равона карда шудааст, дохил карда мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
минтакаи озоди иқтисоди (МОИ), МОИ “СУГД”, мафҳуми МОИ, Қонуни ҶТ”Дар бораи МОИ “