2023 сол
ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАҲИСОБГИРИИ САРМОЯИ ХУДӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОН ДАР НИЗОМИ БАҲИСОБГИРИИ ТОҶИКИСТОН
Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Собирова Мавзунахон Давронҷоновна - ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон МУАЛЛИФ:
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(66). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таҳқиқи назариявии сиёсати баҳисобгирии муҳосиби дар шароити муосир ба саноатикунонии босуръат мавриди баррасӣ равона шудааст. Дар мақола ақидаҳои гуногуги олимони соҳа мавриди омузиш ба амсилаи иқтисодиёти саноати ва сиёсати баҳисобгирии давлат бояд ба шароитҳои ба миён омада мувофиқ бошад, муайян карда шудааст. Дар мақола аз ҷониби муаллиф маълумоти ҳисоботи молиявии дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ташаккулёфта дар ҷомеаи иқтисодии ҷаҳон ҳамчун маҷмуи нишондиҳандаҳои иқтисодии ба шахсони манфиатҷӯ фаҳмо оварда шудааст. Дар зимни таҳқиқ сохтори сармояи худии корхонаҳо, соҳаи истифодабарӣ ва хусусияти баҳисобгирии он аз ҳолатҳои гуногун вобастагӣ дорад, ошкор карда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
сармояи худӣ, сармояи захиравӣ, сармояи иловагӣ, фоида, тавозун, захираҳои ҳатмӣ, саҳмияҳои оддӣ ва саҳмияҳои имтиёзнок