УСУЛҲОИ МУАЙЯН КАРДАНИ СИННУ СОЛ, ВАЗН ВА АНДОЗАИ МОҲИҲО

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (12-Ниёзматова Заррина Захибуллоевна..pdf)Ниёзматова Заррина Захибуллоевна.УСУЛҲОИ МУАЙЯН КАРДАНИ СИННУ СОЛ, ВАЗН ВА АНДОЗАИ МОҲИҲО 66

 

МУАЛЛИФ: Ниёзматова Заррина Захибуллоевна – PhD докторант, омӯзгори кафедраи барномарезии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба  номи академик Бобоҷон Ғафуров”. (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд), Тошхӯҷаев Ҳаким Азимович - доктори илмҳои физика ва математика, профессори кафедраи электроникаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(63).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масоили усулҳои муайян кардани синну сол, вазн ва андозаи намудҳои гуногуни моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ баррасӣ гардида, омӯзиши онҳо дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд (ҶДММ «Корпоратсияи моҳии Тоҷик», ҶДММ «Рахшона» дар соли 2022 барои ҳисобҳо ва ҷадвалҳо, натиҷаҳои таҷрибавӣ) натиҷабардорӣ шудаанд. Вобастагии дарозӣ ва вазни танаи моҳиҳо аз синну сол бо муодилаҳои Берталанфи ва Шмалгаузен тавсиф дода мешаванд. Муайян карда шуд, ки дар ҳар як обанбор, ки моҳиҳо парвариш карда мешаванд аз парметрҳои гуногун (ҳарорати об, оксиген, ғизо  ва ғайраҳо) вобастагии калон дорад [3,с.33-47]. Дар обанборҳои рақами 3 то 13 коэффитсенти афзоиши вазни моҳӣ аз 1,03 то 2,02  ва дар ҳавзҳои Деҳмой 1 ва 2 бошад коэффитсиенти афзоиши вазни моҳӣ аз 1,37 то 1,52 ташкил дод. Сабаби афзоиши вазни моҳиҳо асосан, аз ҳарорати обанборҳо (18-200С), қимати оксигени ҳалшаванда (7 мг/л), pH дар ҳудуди (6,5-7,5), оксидшавӣ  аст, ки бояд дар ҳудуди 10 мгО2/л, ва серғизогӣ бошад, ки ба он вобастагии калон дорад.

 

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

афзоиш, ғизо, пулакчаҳо, склеритҳо, обанборҳои сунъӣ, моҳипарварӣ, массаи моҳӣ.