2022 сол
КОНСЕНТРАТСИЯ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ТАҚСИМОТИ ИЗОТОПҲОИ РАДИОАКТИВӢ ДАР ХОКҲОИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ
МУАЛЛИФ: Раҳматов Муҳамадӣ Нуридинович - номзади илмҳои физика-математика, сармуаллими кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), Муминов Сафарали Валиевич - ходими калони илмӣ, мудири сектори назорати шуъохӯрии беморон ва аҳолӣ Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(63). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқоти қабати сатҳии рӯизаминӣ (то 10 см)-и ҳудуди вилояти Суғд дар наздикии таъсири объектҳои антропогенӣ оварда шудааст. Намунаҳои хок бо усули гамма-спектрометрия барои консентратсияи фаъолнокии изотопҳо (238U, 226Ra, 40K ва 137Cs) таҳлил карда шуданд. Хусусиятҳои тағирёбии изотопҳои радиоактивӣ дар намунаҳои хок муайян карда шудаанд. Натиҷаҳои ба даст овардашуда бо маълумотхои Тоҷикистони ҷануби-марказӣ муқоиса карда шудааст. Дар бораи таъсири баъзе объектҳо ба ҳолати радиоэкологии қабати хоки Точикистони Шимолӣ хулоса бароварда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
изотопи радиоактивӣ, фаъолияти хос, партовҳои радиоактивӣ, таҳлили изотопӣ, намунаҳои хок, изотопҳои табиии радиоактивӣ, олудашавии радиоактивӣ 238U, 226Ra, 40K, 137Cs.