СОХТОРИ ИҚТИДОРИ МЕҲНАТӢ ВА РАВИЯҲОИ МЕТОДИИ АРЗЁБИИ ИСТИФОДИ ОН ДАР МИНТАҚА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (23-Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич.pdf)Негматов Ш.Л.Сохтори иқтидори меҳнатӣ ва равияҳои методии арзёбии истифоди он дар минтақа43

 

МУАЛЛИФ: Негматов Шукруллохон Лутфуллоевич - докторанти РhD кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(62).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар макола оид ба масъалаҳои сохтори иқтидори меҳнатӣ ва равияҳои методии арзёбии истифодаи он дар минтақа, шумораи захираҳои меҳнатӣ, иштиғол ва муҳоҷират, шумораи аҳолии қобили меҳнат, сатҳи фаъолияти иқтисодӣ, иқтидори меҳнатии истифоданашуда ва бекорӣ сухан рафтааст. Муаллиф дар мақола таъкид менамояд, ки категорияи иқтисодиииқтидори меҳнатӣдар солҳои 80-уми қарни ХХ барои ифодаи баҳодиҳии умумӣ ба кадрҳо бо назардошти на танҳо хусусиятҳои воқеии он, балки захираву имкониятҳои эҳтимолӣ ташаккул ёфтааст.

Ба ҳамин минвол, дар мақола сифати иқтидори меҳнатии минтақа бо равияҳои методи арзиши миқдории аҳолии қобили меҳнати минтақа омӯхта шудааст, ки нишондиҳандаҳои ҳаҷм, сохтору таносуби талабот ва пешниҳоди сохтори иқтидори меҳнатиро ташкил медиҳанд.

Муаллиф қайд мекунад, ки арзиши нишондиҳанда барои арзёбии иқтидори меҳнатӣ бояд давра ба давра бо мақсади пайгирии динамикаи он ва таҳияи роҳҳои самараноки идоракунии иқтидори меҳнатии минтақа, сиёсати меҳнат ва ҳайати кормандон, таҳияи стратегияи дарозмуддат кадрӣ ҳисоб карда шавад.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

иқтидори меҳнатӣ, равия, методи арзёбӣ, истифодабарӣ, минтақа, захираҳои меҳнатӣ, фаъолияти иқтисодӣ.