СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ДАР РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНИИ ВАО ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ БАДАСТОВАРИИ ДАРОМАД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (22-Қосимова Малика Ҳомидхоҷаевна.pdf)Қосимова М.Ҳ.Стратегияи рушди соҳаи телевизионӣ дар раванди рақамикунонии ВАО ва усулҳои самараноки бадастории даромад37

 

МУАЛЛИФ:Қосимова Малика Ҳомидхоҷаевна - омӯзгори калони кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти  ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(62).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур муҳиммияти телевизион ҳамчун маъмултарин ва дастрастарин воситаи ахбори омма, дар асоси таъсири он ба фазои эҳсосӣ - ихтиёрии шахс ва ташаккули шуури ҷамъиятӣ баррасӣ карда шудааст. Асосҳои назариявии фаъолияти маркетингӣ баррасӣ кардашуда, нақш ва аҳамияти он дар фаъолияти ширкатҳои телевизионӣ асоснок карда шудааст. Монеаҳои баланбардории рақобатпазирии ширкатҳои телевизионӣ дар минтақа аниқ гардидааст. Шартҳои асосии ноил шудан ба сатҳи дахлдори рақобатпазирии ширкатҳои телевизионӣ  баррасӣ карда шудааст. Зарурати пешниҳоди маълумоти пурра ба таблиғгарон дар бораи тамошобинон ва истифодаи оқилонаи захираҳо асоснок карда шудааст. Дар ин ҷода аз ҷониби муаллиф дар ҷараёни таҳқиқот рейтинги ширкатҳои телевизионие, ки дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, муайян карда шуд. Ин рейтинг барои муайянкунии  мавқеи ширкати телевизионӣ дар байни тамоми ширкатҳои телевизионии дар вилоят фаъолиятбаранда имконият медиҳад. Инчунин дар мақола моделҳои мавҷуда ва нави тиҷорат, татбиқи онҳо дар соҳаи телевизионӣ таҳлил карда мешавад. Раванди рақамикунонии воситаҳои ахбори омма, ки ба ин соҳа таъсири амиқ расонида, ба яке аз муҳаррикҳои асосии тағйирот дар муҳити телевизион табдил ёфтааст, баррасӣ карда мешавад. Усулҳои гуногуни истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар телевизион ва имконоти гуногуни рушди ширкатҳои телевизионӣ дар шароити рақамикунонӣ омӯхта мешаванд. Имкониятҳои нави имконпазири пешбурди тиҷорат ва усулҳои самараноки бадастоварии даромад дар ин бозор пешниҳод карда мешаванд.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

телевизион, рақобат, маркетинг, модели бизнес, бозори медиа, назарияи бозори саноат.