МЕТАЛЛҲОИ ВАЗНИН ҲАМЧУН ОМИЛИ ИФЛОСШАВИИ МУҲИТИ ОБИИ ШАҲРАКИ АДРАСМОН ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (17-Муротова Дилором Абдугафуровна.pdf)Муротова Д.А., Азизов Р. О., Тиллобоев Ҳ.И., Шарифов С.Қ.Металлҳои вазнин ҳамчун омили ифлосшавии муҳити обии шаҳраки Адрасмон дар Тоҷикистони Шимолӣ43

 

МУАЛЛИФ:  Муротова Дилором Абдуғафуровна  PhD докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), Азизов Рустам Очилдиевич - доктори илмҳои техникӣ, профессор, ходими калони илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе), Тиллобоев Ҳакимҷон Иброҳимович – номзади илмҳои химия, досенти кафедраи химияи органикӣ ва амалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), Шарифов Соатулло Қосимович — сармутахассис-коршиноси Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии МД “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(62).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқоти физикӣ-химиявӣ оид ба динамикаи тағирёбии элементҳои ифлоскунанда дар муҳити обӣ баррасӣ карда мешаванд. Микдор ва консентратсияи металлхои вазнин, инчунин дараҷаи ифлосшавии манбаъҳои обҳои тадқиқшуда муайян карда шудаанд. Муаллифон қайд мекунанд, ки дар муҳити туршӣ ҳаракати ионҳои сурб, хром ва никел зиёд шуда, таъсири металлҳои вазнин меафзояд. Консентратсияи металлҳои вазнин дар об бо афзоиши рН зиёд мешавад.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

хусусиятҳои гидрохимиявӣ, системаҳои обӣ, металлҳои вазнин, сифати об, рН