ТАЪСИРИ МЕТАЛЛҲОИ ВАЗНИН БА ҲАРАКАТНОКИИ ЧАРХЗАНАНДАГИИ БИОМОЛЕКУЛАҲОИ КАМИШИ ОДДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (11-Умаров Насимджон Негматович.pdf)Умаров Н. Н.Таъсири металлҳои вазнин ба ҳаракатнокии чархзанандагии биомолекулаҳои камиши оддӣ44

 

МУАЛЛИФ:  Умаров Насимҷон Негматович - номзади илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(62).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар кори мазкур таъсири баъзе металлҳои вазнин ба ҳаракатнокии чархзанандагии биомолекулаҳои пояи камиши оддӣ бо усули нишонаҳои спинӣ тадқиқ карда шудааст. Муайян карда шудааст, ки баъзе микроэлементҳо ба монанди Sr, Pb, Zn, Ni дар таркиби растанӣ  назар ба хок зиёд мебошанд, ин бешубха, ба вазъияти номусоиди мухити атроф ва хусусияти фурӯбарии растаниҳо вобаста аст. Микроэлементхои парамагнитй ба параметрҳои спектрали камиши оддӣ дар маҳлули спирт таъсир мерасонанд. Маълум  карда шуд, ки зиёд шудани дараҷаи фони радиатсионй миқдори металлҳои парамагнитй то 15 фоиз кам мешаванд. Вобаста ба консентратсияи металлҳои вазнин дар спектрҳои ЭПР интенсивнокӣ кам шуда, хатҳои спектр васеъ мешаванд, ки ин бешубҳа бо таъсири металлҳои вазнин ба сохтори молекулавӣ ва хосиятҳои биомолекулаҳои камиши оддӣ алоқаманд мебошад. Муайян карда шуд, ки металлҳои вазнин ба миқдори гуруҳҳои гидроксилии биомолекулаҳои камиш таъсир мерасонанд. Барои намунаҳое, ки дар таркибаш бештар металлҳои вазнин доранд, хурдшавии басомади гардиш ошкор карда шуд ин бешубҳа аз тағйирёбии сохтор ва хосиятҳои пояи камиши оддӣ шаҳодат медиҳад.

 

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

металлҳои вазнин, нишонаҳои спинӣ, ҳаракатнокии чархзанандагӣ, басомади чархзанӣ, қамиши оддӣ.