МАФҲУМ, МОҲИЯТ ВА НАЗАРИЯҲОИ КЛАСТЕРӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ИЛМӢ ВА АМАЛӢ (15)

 

МУАЛЛИФ: Зиёева Шаҳнозахон Зарифҷоновна - докторанти соли 2-юми кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги  МДТ “ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(63).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар солҳои охир таҷрибаи ҷаҳонӣ дар бораи ташаккул ва фаъолияти кластерҳои саноатӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти минтақа мисолҳои зиёде овард. Аммо кластерҳо на танҳо механизми рушди иқтисодӣ дар минтақаҳо, балки онҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна шароити хубро фароҳам меоваранд. Илова бар ин, кластерҳо воситаи муассири ҳавасмандгардонии рушди минтақаҳоро пешниҳод мекунад, ки дар афзоиши шуғли самаранок, афзоиши даромади буҷет, баланд бардоштани рақобатпазирии системаҳои истеҳсолии минтақавӣ ва ғайра зоҳир мегардад.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

кластер, истеҳсолоти саноатӣ, назарияи кластерҳо, рушди иқтисодии инноватсионӣ, консепсияи кластерӣ, сиёсати кластерӣ, кластерҳои ҳудудию саноатӣ.