ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАСТГИРИИ ИНФРАСОХТОРИИ СОҲИБКОРИИ ХУРД: УСЛУБ ВА САМАРАНОКИИ АРЗЁБӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (29-Турсунова Заррина.pdf)Турсунова ЗарринаИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАСТГИРИИ ИНФРАСОХТОРИИ СОҲИБКОРИИ ХУРД: УСЛУБ ВА САМАРАНОКИИ АРЗЁБӢ 54

 

МУАЛЛИФ: Турсунова Заррина Ғ. - муаллими калони кафедраи  иқтисодиёти корхонаҳо ва  минтақаи ДДҲБСТ

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(63).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои рушд ва идоракунии давлати дастгирии инфрасохтори соҳибкории хурд мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Аз чумла, муаллиф вазъияти хозираи инфрасохтори соҳибкории хурди кишвар ва минтақаҳои онро аз нуқтаи назари илмӣ ошкор намудааст. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта оиди баланд бардоштани дастгирии инфрасохтории соҳибкории хурд баррасӣ шуда, самтҳои амалии истифодаи онҳо, ки дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон самаранок ҳисобида мешавад тасвир шудааст. Таҳлили раванди муқоисавии баланд бардоштани рақобатпазирии бахшҳои асосии иқтисодиёт ифода шудааст. Тамоюли инкишофи дастгирии инфрасохтории соҳибкории хурд муайян карда шуда, далолати онро медиҳад, ки ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду миёна барои иқтисодиёти миллӣ барои кам кардани хароҷоти истеҳсолот фоиданок мебошад. Инкишоф додани шаклҳои махсуси шарикии давлатӣ ва хусусӣ дар самти татбиқи таҳияҳои самарабахши инноватсионӣ ва рақамикунии иқтисодиёт арзёбӣ гашта, чораҳои рушди равандҳои иқтисодию сармоягузории инфрасохтории соҳибкории хурд пешниҳод шудааст.

 

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

инфрасохтор, соҳибкории хурд, рақобат, соҳаҳои асосӣ, тағйироти сохторӣ, сармоягузорӣ, иқтисоди миллӣ.