СТРАТЕГИЯИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ТАРАҚ ҚИЁТИ СЕКТОРИ ИТТИЛООТИИ МИНТАҚА(ДАР МИСОЛИ ВИЛОЯТИ СУҒД)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (19-Ашуров Абдураҳмон Очилович.pdf)Ашуров А.О.Стратегияи сармоягузорӣ дар тарақ қиёти сектори иттилоотии минтақа(дар мисоли вилояти Суғд)40

 

МУАЛЛИФ:  Ашуров Абдураҳмон Очилович - муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон,Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(62).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар  мақола хусусиятҳои рушд ва ташаккули бахши иттилоотии иқтисод бо алоқамандии иттилооти ҷаҳонии иқтисодиёт, рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисодиёти ғайрисаноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ мегардад. Дар доираи сектори иттилоотӣ аҳамияти институтҳо, шаклҳои робитаи байниҳамдигарии онҳо, қувваҳои пешбарандаи хоси низоми иқтисодӣ, аҳамияти омилҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи онҳо тағйир меёбанд. Ҳамаи ин зарурати омӯзиши амиқи мушкилоти ташаккул ва рушди сектори иттилоотиро дар шароити нав тақозо мекунад.

Проблемаҳои муҳимтарини давлат, ки бо ташаккули шароити мусоид барои рушди сектори иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст, бо татбиқи сиёсати самарабахши давлатӣ алоқаманд аст.

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маълумотдиҳӣ, инфрасохтори иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ.