2022 сол
ФОРМУЛАИ ҲАЛЛИ УМУМӢ ДАР НАМУДИ ИНТЕГРАЛӢ, МАСЪАЛАҲОИ НАВЪҲОИ КОШӢ ВА ХАТТӢ-ҲАМРОҲШАВӢ БАРОИ СИСТЕМАИ МУОДИЛАҲОИ ДИФФЕРЕНСИАЛИИ ОДИИ ТАРТИБИ ДУЮМ БО НУҚТАИ ДОХИЛИИ СИНГУЛЯРНОКИАШ ПАСТ
МУАЛЛИФ: Олимӣ Абдуманон Ғафорзода - номзади илмҳои физика-математика, дотсенти кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Мўҳсинови МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), Дадоҷонова Муқаддас Ёқубҷоновна - номзади илмҳои физика-математика, дотсент, мудири кафедраи математикаи олӣ ва амалии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(62). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола ҳалли умумии системаи муодилаҳои дифференсиалии одии хаттии тартиби дуюми дорои нуқтаи дохилии сингулярнокиаш паст бо ёрии резолвентаҳои ду системаҳои мувофиқи муодилаҳои интегралии навъи дуюми Вольтерр бо махсусияти паст ёфта шудааст. Формулаи ҳосил кардашуда дар муқаррар кардани формулаҳои баргардонии тасвир, муайян кардани гузориш ва ёфтани ҳалли масъалаҳои намудҳои Кошӣ ва хаттӣ-ҳамроҳшавӣ истифода шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
системаи муодилаҳои дифференсиалии одӣ тартиби дуюм, нуқтаи дохилии сингулярнокиаш паст, системаи муодилаҳои интегралии Волтерр, ҳалли умумӣ, формулаҳои баргардонӣ, масъалаи Кошӣ, масъалаи хаттӣ-ҳамроҳшавӣ