2022 сол
ДАР БОРАИ НАВЪҲОИ ҲАЛЛИ АФЗОИШИ МУЪТАДИЛИ СИСТЕМАИ ЭЛЛИПТИКИИ ЧОР МУОДИЛА ВА МУОДИЛАҲО БО ОПЕРАТОРИ БИТСАДЗЕ
МУАЛЛИФ: Байзаев Саттор – доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), Воситова Дилором Абдурасуловна – номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Муҳсинов МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(62). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола системаи чор муодилаҳои эллиптикӣ бо ҳосилаҳои хусусии ду тағирёбандаи мустақили ҳақиқии тартиби якум
(1)
ки матритсаи воҳидии тартиби дуюм, матритсаи ҳақиқии доимии тартиби чорум ва муодила бо коффитсиентҳои комплексии намуди
(2)
дида баромада шудааст. Муодилаи (2) муодилаи умумикардашудаи системаи муодилаҳои Битсадзе мебошад, ки барои онҳо масъалаи Дирихле нётерӣ нест. Маълум шуд, ки барои системаҳои намуди (1) ва муодилаи намуди (2) масъала оид ба ҳалҳои дар тамоми ҳамворӣ маҳдуд буда, нётерӣ набуданаш мумкин аст. Дар мақола мисолҳои системаи намуди (1) ва (2), оварда шудаанд, ки ҳаллҳои бешумори хаттӣ новобастаи дар ҳамворӣ маҳдудро доранд. Ин далел нишон медиҳад, ки омӯзиши системаҳои намуди (1) ва (2) дар фазои функсияҳои дар тамоми ҳамворӣ муайяншуда муҳим аст.
Барои системаҳои намуди (1) ва (2) масъалаи ҳалли дар тамоми ҳамворӣ муайянбуда ва дар фазои мӯътадилафзуншаванда тааллуқ дошта, аз ҷумла фазои функсияҳое, ки дар беохирӣ на тезтар аз меафзояд, омӯхта шуддааст. Схемаи ёфтани ҳалли ингуна системаҳо аз фазоҳои мувофиқ оварда шудааст. Сохтори барандаи табдилдиҳии Фурйе тавсиф карда шудааст, ки кадоме метавонад нуқта ё аз каҷхаттаҳои бефосилаи сарбаста иборат бошад. Барои муодилаи (2) нишон дода шудааст, ки фазои ҳалҳои мӯътадилафзуншаванда барои дилхоҳ коэффитсиентҳои ғайринулӣ буда, фазои ҳалҳо, ки дар беохирӣ на тезтар аз меафзояд, ҳангоми будан беохирченака ва ҳангоми будан охирченака мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ, системаи эллиптикӣ, функсияҳои бианалитикӣ, функсияҳои метааналитикӣ, ҳалли афзоиши полиномӣ, фазои Швартс.