ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ҚАРИНАИ РУШДИ УСТУВОР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (25-Саидхоҷаева Дилафрузхон Муталибовна.pdf)Саидхоҷаева Д.М.Таҳлили вазъияти вилояти Суғд дар қаринаи рушди устувор45

 

МУАЛЛИФ: Саидхоҷаева Дилафрузхон Муталибовна -  аспиранти кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Рушди устувори минтақа дар зери таъсири омилҳои зиёд ташаккул меёбад, ки бо нишондиҳандаҳои иҷтимоию экологӣ ва иқтисодӣ тавсиф мешаванд. Мақсади ин кор таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди устувори минтақа ва арзёбии вазъи вилояти Суғд, инчунин асоснокии таҳлилии хулоса оиди мутобиқати минтақа ба меъёрҳои рушди устувор мебошад. Дар мақола усулҳои сохтани қаторҳои вақтӣ ва таҳлили динамикаи онҳо, нишон додани графикии натиҷаҳои таҳлил, таҳлили индексӣ, ҳисобкунии нишондиҳандаи интегралии рушди устувори минтақа бо истифода аз қиматҳои миёнаи арифметикӣ ва геометрӣ оварда шудааст. Баҳодиҳии рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд барои солҳои 2010-2019 аз рӯи нишондиҳандаҳои асосӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳандаҳои комплексӣ аз рӯи се самти тараққиёти устувор ҳисоб карда шуданд, маълум гардид, ки ба арзиши нишондиҳандаҳои комплексии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бештар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хароҷот ба илм аз ҳисоби буҷети давлатӣба арзиши нишондиҳандаҳои комплексии нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ чунин омилҳо ба монанди даромади пулии миёнаи ҳар сари аҳолӣ, хароҷоти истеъмолӣ ба ҳар сари аҳолӣ, сатҳи бекорӣ ва ба арзиши нишондиҳандаҳои комплексии нишондиҳандаҳои экологӣ партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонад. Дар асоси ин ҳисобҳо нишондиҳандаи интегралӣ дар давраи арзёбӣ, инчунин дараҷаи устувории минтақа муайян карда шуда, дар охир оид ба мувофиқати минтақа ба меъёрҳои рушди устувор хулоса дода шуд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

рушди устувор, нишондиҳандаҳои маҷмӯӣ, нишондиҳандаи интегралии устуворӣ, низоми нишондиҳандаҳои арзёбии рушди минтақа, ҷузъҳои рушди устувор, нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, арзишҳои ҳадди ақали нишондиҳандаи интегралӣ